Дар шаҳри Қӯрғонтеппа теъдоди ба истилоҳ “бомж”-ҳо ё афроди беманзил рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Ахиран дар шаҳри Қӯрғонтеппа маъмурони пулис ҷасади ду фарди бехонаву ҷойро пайдо кардаанд. Раҷабалӣ Сафаров, як масъули шӯъбаи корҳои дохилии Қӯрғонтеппа мегӯяд, онҳо сокинони рустабор буда, бар асари майхорагӣ ва сармохӯрдагӣ фавтидаанд.
Ба гуфтаи ӯ, яке аз онҳо ду дафъа бо мусоидати идораи ҳифзи тандурустии вилояти Хатлон ба табобати иҷборӣ фаро гирифта шуда, аммо тарки майхорагӣ накардааст.
Ҷаноби Сафаров гуфт, "Покриванов Владимири 66-сола ва Дубровская Валентинаи 56-сола пайваста дар ҳолати мастӣ дар кӯчаҳои шаҳр хоб мерафтанд. Кормандони мо Пакривановро ду маротиба, 27-уми ноябр ва 9-уми декабр аз кӯчаҳо дар ҳолати сахти мадҳушӣ ёфта, ба беморхонаи шаҳр бурда буданд, ки пизишкон барои наҷоти ҷони ӯ қариб ҳазор сомонӣ масраф кардаанд. Аммо кормандони милиса ахиран ҷасади ӯро пайдо кардаанд, ки бар асари аз меъёр зиёд нӯшидани машрубот ва сармозадагӣ ҷон додааст."
Ин дар ҳолест, ки ҳоло милисаи шаҳри Қӯрғонтеппа наздик ба 30 нафарро ҳамчун фарди беманзилу ҷойхоб ё “бомж” расман сабтином кардааст. Аммо бар асари надоштани шиноснома ва ҷойи истиқомат, ҳуввияти 10 нафар аз онҳо барои мақомоти интизомии маҳаллӣ комилан номаълум будааст.
"ТАҲВИЛГОҲИ МАХСУС НЕСТ"
Раҷабалӣ Сафаров мегӯяд, дар Қӯрғонтеппа ягон таҳвилгоҳи махсусе вуҷуд надорад, бинобар ин, афроди беманзилу сарпаноҳ аз хиёбонҳо ба шӯъбаи милиса оварда шуда, пас аз як шабонарӯзи нигоҳдорӣ ва аз мадҳушӣ ба худ омаданашон дубора ҷавоб дода мешаванд.
Бо фаро расидани зимистон ҳодисаҳои сармозадагӣ ва ҳалокати афроди беманзилу ҷой, ки дар миёни ҷомеа чун “бомж” маъруфанд, рӯ ба афзоиш мениҳад. Чунин ҳодисаҳо ба мушкили умда табдил шуда ва созмонҳои ҷамъиятӣ ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқро ба он муттаҳам мекунанд, ки аз ин афрод муроқибат намекунанд, яъне дар таҳвилгоҳҳои махсус ё ба истилоҳи милисаҳо “спетсприёмник”-ҳо нигаҳдорӣ намекунанд.
Сулаймон Султонов, раиси созмони ҷамъиятии мавсум ба “Ҳимоя”, мегӯяд, таъсиси таҳвилгоҳҳо ва ҳифзи иҷтимоии афроди бехонаву дар аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад, зеро одамони беманзилу яккаву танҳо бештар аз дигар қишрҳои ҷомеа осебпазир буда, дар ислоҳи вазъи иҷтимоии худ дасти кӯтаҳ доранд. Ӯ гуфт, "дар замони Шуравӣ барои ба расмият даровардани одамоне, ки бехонаю дар буданд, барои бо ҳуҷҷат ва ҷойи кор таъмин кардани онҳо сохторе дар Вазорати корҳои дохилӣ вуҷуд дошт. Лекин ҳоло натанҳо барои одамони беманзилу ҷой, балки ҳатто барои одамони қобили меҳнат ҷойи кори дуруст фароҳам оварда намешавад. Ҳоло ин зарурат пайдо шудааст, ки ҳолати одамони бехонаю дарро дар ягон чаҳорчӯба танзим кунанд ва муассисаи махсуси давлатие барои беҳсозии вазъи иҷтимоии онҳо таъсис дода шавад."
ДАРВЕШЕ, КИ РУБОБНАВОЗӢ МЕКУНАД...
Миралӣ Содиқов, марди тақрибан 60-солаи бехонаву дарест, ки чеҳраи ӯ барои аксари сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа ошност. Бобои Миралӣ манзили зисти муайян надорад, оиладор нест, мисли дарвеш рӯзи худро дар кӯчаю чойхонаву боғҳо бо хонандагию навохтани рубоб пушти сар мекунад.
Вай мегӯяд, "як замон ҷойи кор доштам, бо ҳамсарам дар хобгоҳ зиндагӣ мекардем. Аммо маро аз он ҷо ронданд, занам фавтид. Додаронам маро дар хонаашон роҳ надоданд. Ҳоло дар ҳар куҷо шабро рӯз мекунам. Бо ҳамин рубобам, ки аз модарам мерос мондааст, дар кӯчаҳо таронахонӣ мекунам. Одамони хайрхоҳ ба сурудҳоям гӯш андохта, мувофиқи тавонашон пул медиҳанд. Ҳамин тавр, рӯз мегузаронам."
Бобои Миралӣ мегӯяд, борҳо ба идораи ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ муроҷиат карда ва аз онҳо хостааст, ки ҳадди ақал манзили муваққатӣ ва кори бомузде барояш пайдо кунанд. Дар идораи мазкур ҳарчанд дархости ӯро сабт кардаанд, то ҳанӯз бобои Миралӣ интизори посухи онҳо рӯз мешуморад.
МАРОСИМИ ДАФНИ "БОМЖҲО"
Ҷӯрахон Мирзоев, муовини раиси Оҷонси ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вилояти Хатлон, мегӯяд, ҳоло омори расмие дар бораи шумораи одамони беманзилу ҷой дар минтақа вуҷуд надорад: "Ба идораи мо меоянд, барои ҷойи кор муроҷиат мекунанд. Баъзан ба ҳолати зоҳирӣ, ба сару либоси пургарду чеҳраашон нигоҳ карда, гумон мекунем, ки онҳо ба қавли мардумӣ "бомж" ҳастанд, аммо аз онҳо дар ин бора савол намекунем, то ки ба иззати нафсашон нарасад. Барои ҳамин, мо намедонем, ки шумораи дақиқи онҳо чанд аст."
Ба иттилои ҷаноби Мирзоев, афроде, ки барои дарёфти мақоми расмии “бекор” ба Оҷонси ҳифзи иҷтимоӣ муроҷиат мекунанд, то чанд муддат бо кӯмакпулии баробар ба 80 сомонӣ дар як моҳ таъмин мешудаанд.
Ҳамчунин маросими дафни афроди беманзилу ҷой, ё “бомж”-ҳоро, ба гуфтаи Ҷӯрабой Мирзоев дар сурати пайдо нашудани ақрабои онҳо, мақомоти давлатӣ ба дӯш хоҳанд гирифт. Барои гӯру чӯби ду “бомж”-и рустабор дар Қӯрғонтеппа 1 ҳазору 400 сомонӣ, муодили беш аз 290 доллари амрикоӣ ҷудо шудааст. Яъне барои анҷоми маъракаи гӯру чуби афроди бесарпаноҳ аз сӯйи давлат то 700 сомонӣ ихтисос дода мешавад.