Бино бар вазъи Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон барои Амрико аҳамияти бештар пайдо мекунанд.
Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико тарҳи самтгириҳои сиёсати Иёлоти Муттаҳидаро дар Осиёи Марказӣ дар робита ба хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 ба ҳукумати президент Барак Обама пешниҳод кард.
Хулосаи куллии кумита ин аст, ки бидуни таваҷҷӯҳи ҳамаҷонибаи Амрико ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мусоидати он ба рушди демократӣ, субот, пешрафти иқтисодӣ ва таҳкими равобити минтақаии ин давлатҳо, оромӣ дар Афғонистон пас аз соли 2014 зери суол хоҳад монд.
Кумита мегӯяд, Вашингтон бояд «нуқтаи тавозун дар байни манфиатҳои кӯтоҳмуддат, заруратҳои ҷангӣ ва манфиатҳои дарозмуддаташро дар мусоадат ба Осиёи Марказии босубот, шукуфон ва демократӣ пайдо кунад.»
Ҳарчанд тавсияҳои Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико ба ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ рабт мегиранд, бори аввал аст, ки аз ҳукумати президент Обама даъват мешавад, ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳ кунад ва бартарии бештар диҳад.
Шореҳи Радиои Озодӣ дар Вашингтон, Ричард Солаш мегӯяд, нигаронии кумитаи Сенат на танҳо аз вазъи дохилии Тоҷикистон, балки ҳамчунин аз марзи тӯлонии ин кишвар бо Афғонистон, интиқоли маводи мухаддир ва убури гурӯҳҳои ситезаҷӯ аз ин марз маншаъ мегирад: «Ба таври махсус дар гузориш гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ба ҳайси заъифтарин пайванд дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад ва нооромӣ дар он ба ҳамаи минтақа таъсир хоҳад кард. Ман фикр мекунам, ин баёнгари дарки Вашингтон аз нақши ҳаётан муҳими Тоҷикистон барои тамоми минтақа аст.»
Дар гузориши кумитаи Сенат гуфта мешавад, 30 дарсади маводи мухаддири Афғонистон аз тариқи Тоҷикистон ба Русия ва Аврупо интиқол меёбад ва гурӯҳҳои исломии ситезаҷӯи минтақа, ки дар Покистон паноҳ ёфтаанд, ба воситаи ин марз вориди Осиёи Марказӣ мешаванд. Ба ақидаи муаллифони гузориш, Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир бо камбуди иродаи сиёсӣ ва тавони молӣ рӯбарӯст.
Муаллифони гузориш ҳамчунин вазъи амниятии Тоҷикистонро таҳлил кардаанд. Таркиши худкушона дар Хуҷанд, амалиёти ҳарбӣ дар Камароб, зуҳури ошӯбгарон дар Исфара дар ин гузориш аз нишонаҳои реша гирифтани ситезаҷӯӣ дар Тоҷикистон шумурда шудаанд. Вале, гуфта мешавад, далели кофӣ дар даст нест, ки ин падидаҳо натиҷаи «сироят» аз Афғонистон ва Покистонанд. Кумитаи Сенат ишора мекунад, ки чунин таҳаввулот аз мушкилоти худи кишвар низ сар зада метавонад. Гуфта мешавад, «ислом дар Тоҷикистон дар ҳоли шукуфтан аст ва ҳукумат озодии изҳори онро маҳдуд мекунад, вале камбуди имкониятҳои иқтисодӣ метавонад, бисёр созмонҳоро ба пинҳонкорӣ таҳрик диҳад.»
Ричард Солаш, шореҳи Радиои Озодӣ дар Вашингтон мегӯяд: «Ҳарчанд дар гузориш таҳдиди радикализми исломӣ дар Тоҷикистон ташхис мешавад, ҳамчунон зикр мегардад, ки истифодаи гоҳе нодурусти сиёсатҳои ҳукумат худ ба тундгароии бештар роҳ мекушояд.»
Солаш меафзояд, Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико бо ишора ба худкомагии ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ва фасоди фарогир дар ин кишварҳо иқрор мекунад, ки Иёлоти Муттаҳида маҷбур аст, барои субот дар Афғонистон бо онҳо вориди ҳамкории наздиктаре шавад, аммо шарт мегузорад, ки Вашингтон дар ин раванд бояд мувозанати зарурати сиёсӣ ва арзишҳои демократиро пайдо кунад. Дар ин бахш, аз ҷумла дар бораи муносибат бо Узбакистон низ ишора меравад.
Ҳамзамон пешниҳод мешавад, ки марзи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон ба минтақаи тиҷорат ва ҳамкории ду тараф табдил ёфта, стратегияи Роҳи Нави Абрешим дар ин ҷо ба воқеият мубаддал гардад. Кумитаи Сенат бо ситоиш аз ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон бо Афғонистон пешниҳод кардааст, ки барои рушди чунин ҳамкориҳо бояд аз захираҳое, ки барои Афғонистон ихтисос ёфтаанд, истифода кард. Махсусан, интиқоли нерӯи барқ аз Бадахшони Тоҷикистон ба Бадахшони Афғонистон, таҳсил ва бозомӯзии марзбонон ва кормандони полиси Афғонистон дар Тоҷикистон, ҳамкории занони соҳибкори ду кишвар ва барномаҳои ҳамсон ҳимоят шудааст.
Бино бар пешниҳоди тарроҳони сиёсати хориҷии Амрико, бояд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ паём дода шавад, ки хуруҷи соли 2014-и эътилофи байнулмилалӣ аз Афғонистон ба маънои тарки комили минтақа нест. Ҳузур ва ҳамкорӣ идома хоҳад кард, вале ин ҷо низ тавозуне байни манофеи кишварҳои минтақа, Амрико, Русия ва Чин дарёфт шавад.