Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон бо Амрико, Тоҷикистон бо Русия?


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва ҳамтои узбаки ӯ Ислом Каримов
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва ҳамтои узбаки ӯ Ислом Каримов

Сардии равобити ИМА бо Покистон аз расидани фасли гармо дар равобити Кохи Сафед бо Тошканд дарак медиҳад.

Коршиносон ин тағйирот дар иқлими сиёсатҳои минтақаро ба аҳамияти ин ду кишвари ду минтақа - Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ марбут медонанд, ки ҳарду бо Афғонистон ҳамсоя ҳастанд ва зерсохторҳои кофӣ барои интиқоли кӯмак ба низомиёни хориҷӣ дар ин
Ин сиёсатҳо ба кишварҳои дигари минтақа писанд нест - ба Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон, махсусан, Қазоқистон...

кишварро доранд.

Аммо аз назари онҳо, зарфиятҳои Узбакистон на камтар аз Покистон аст, бахусус, ягона роҳи оҳане, ки вориди Афғонистон мешавад, аз ин кишвар мегузарад.

Саъдӣ Юсуфӣ, коршинос дар умури минтақа мегӯяд, ин воқеиятҳо Амрикоро водор кардаанд, ки бо Тошканд наздиктар шавад: "Дар гузашта 80 дарсади икмолоти Амрико ба Афғонистон аз тариқи Покистон сурат мегирифт. Аммо ҳоло равобити ду кишвар хароб мешаванд ва Иёлоти Муттаҳида дар пайи ҷустуҷӯи роҳҳо ва алтарнетиваи ҷиддитар шуд. Ба назари ман, интихоби беҳтарин сари Узбакистон қарор мегирад, зеро агар Покистон танҳо роҳи мошингард дорад, ин кишвар роҳи оҳан ҳам дорад."

Саъдӣ Юсуфӣ, таҳлилгари тоҷик
Саъдӣ Юсуфӣ, таҳлилгари тоҷик
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико дар интиҳои моҳи сентябр шахсан ба ҳамтои узбакаш Ислом Каримов тамоси телефонӣ дошт ва тибқи иттилои расонаҳои расмии Узбакистон, бар нақши муҳими ин кишвар дар амнияти "Афғонистони босубот, амн ва шукуфон" ва аҳамияти калидии он дар таъмини амният ва субот дар минтақа таъкид кард.

Тибқи ин манобеъ, ба думболи сӯбати Обама бо Каримов бо дархости ҳукумати Амрико Кумитаи молияии Сенат ризоият дод, ки таҳрими фурӯши силоҳ ба Узбакистонро лағв шавад. Соли 2004 ин таҳримҳо дар вокуниш ба нақзи ҳуқуқи инсон Узбакистон эълон шуда буданд.


БАРНОМАИ КОМИЛИ "чАШМАНДОЗ"-РО ДАР ИН ҶО БИШНАВЕД:
Чашмандоз
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим

Коршиносон бар инанд, ки тамоси вижа ва маънидори Барак Обама бо Ислом Каримов ишораи рӯшан ба Исломобод буд, то бидонад ки он як ҳамкори беҷойгузин нест. Аммо иддае бо ишора ба тағйири самтгириҳои Узбакистон гоҳ ба сӯи ғарб ва гоҳ ба сӯи Русия мегӯняд, ки таҳаввулоти ахир набояд ҳамчун гардиши қатъии Тошганд маънидод шавад.. Парвиз Муллоҷонов, коршиноси умури сиёсӣ мегӯяд, дар бораи то куҷо наздикшавии Амрикову Узбакистон дар худи Вашингтон ҳам иттифоқи назар вуҷуд надорад, бахусус демократҳо, ки Обама намояндаи онҳост.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос
Ин коршиноси тоҷик афзуд: "Ҳатто миёни таҳлилгарони амрикоӣ иттифоқи назар вуҷуд надорад, танҳо баъзеҳо аз ин ҷонибдорӣ мекунанд. Аслан онҳое, ки аз ҳизби демократ ҳастанд, аз наздикшавӣ ба ҳамчунин як режими тоталитарӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. Аммо ҷумҳурихоҳон бар онанд, ки Узбакистон кишвари бузург ва муфид аст."

Муносибати Амрико бо Узбакистон дар пайи саркӯби тазоҳуроти Андиҷон дар моҳи майи соли 2005 ба сардӣ гароид ва ба дунболи он Тошканд хуруҷи пойгоҳи ҳарбии Амрико аз Хонободи Узбакистонро талаб кард. Дар ҳамин ҳол, беҳбуд дар равобити Амрикову Узбакистон дар ҳолест, ки Тоҷикистон бо ҳамсояи ғарбиаш даврони костагии равобиташро аз сар мегузаронад. Дар гузашта наздикшавии равобити Тошканд бо Ғарб қаробатҳои Душанбеву Маскавро дар пай дошт.

Коршиносон такрори ҳамчунин вазъро аз эҳтимол дур намедонанд, аммо дар ҳоле ки Тоҷикистон бо Русия рӯи масоили хеле ҷиддӣ, аз қабили пойгоҳу фурудгоҳи низомӣ ва марзҳо музокира дорад, ин наздикшавӣ ба осонӣ тамом нахоҳад шуд ва ҳам Амрико нахоҳад гузошт, ки кор то ба ин дараҷа расад. Суоле ин ҷо матраҳ мешавад, ки оё Амрико метавонад ба гармии равобити Тоҷикистону Ӯзбакистон мусоидат кунад? Ва оё наздикшавии Вашингтон бо Тошканд метавонд Душанберо бештар ба огӯши Русия тела диҳад?

Исмоил Раҳматов, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мегӯяд, "оштӣ" додани Тоҷикистону Узбакистон барои Амрико кори саҳл нест, аммо то дараҷае имконнопазир аст, зеро аз гармии равобити Вашингтону Тошканд сари ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз қабл ҳамеша аз бузургманишиҳои ҳамсояи худ дар минтақа хавф доштанд, таъсир хоҳад гузошт: "Ин сиёсатҳо ба кишварҳои дигари минтақа маъқул нест - ба Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон, махсусан, Қазоқистон. Агар Узбакистон хоҳад, ки бо кӯмаки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мавқеи худашро ҳамаҷониба мустаҳкам кунад, бахусус, агар ба бунёди пойгоҳҳои низомии ИМА дар қаламраваш иҷодат диҳад, ин боиси ба Русия наздик шудани боқимондаҳо мешавад."

Ахиран як нашрияи давлатии Узбакистон навишт, ки бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ аз амалӣ шудани тарҳи бунёди нирӯгоҳи Роғуни Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунад. Нигаронии Узбакистон аз ин аст, ки Тоҷикистон бидуни он ки натиҷаи ташхиси тарҳи нерӯгоҳи Роғунро интизор шавад, зимистони имсол ба бунёди ин нерӯгоҳ шурӯъ мекунад. Ташхиси нерӯгоҳи Роғунро Бонки Ҷаҳонӣ анҷом медиҳад.

Дар гузашта Тоҷикистон эълом дошта буд, ки тирамоҳи имсол маҷрои дарёро хоҳад баст ва ба сохтмони нерӯгоҳ шурӯъ хоҳад кард. Аммо Бонки ҷаҳонӣ, як ниҳоди байнулмилалии таҳти таъсири Амрико аз Тоҷикистон даъват кард, ки тасмимашро то тобистони соли дигар ба қафо партояд.
Коршиносон мегӯянд, ин ҳама гардишҳое дар бозии бузурганд, ки ба манфиати қудратҳо амалӣ мешавад, аммо ин бозӣ то куҷо ба суди кишварҳои хурд хоҳад буд, вақт нишон медиҳад.
XS
SM
MD
LG