Истаравшан сардтар аз Хоруғ хоҳад буд

Осмон бар фарози аксари манотиқи Тоҷикистон имрӯз пурабр хоҳад буд. Дар Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Фархор ҳаво 1, дар Панҷ ва Шаҳритус то з дараҷа гарм хоҳад шуд. Ҳаво дар Хуҷанд, Исфара ва Ашт то манфии 6 ва дар Истаравшан 9 дараҷа сард хоҳад шуд. Ҳаво дар Хоруғ аз дирӯза гармтар мешавад, вале ҳамоно манфӣ 1 боқӣ хоҳад монд. Рутубати ҳаво дар аксари манотиқи кишвар баланд буда, 86 то 93 дарсадро ташкил хоҳад дод.