Хабаргузории "Интерфакс" ба нақл аз коршиноси «ворид дар масъала» гуфтааст, шомил шудани Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё осон нахоҳад буд. Вай афзудааст, ки агар ҳукуматҳои ин ду кишвар хостори узвият дар иттиҳод шаванд, бе омодагии пешакӣ муваффақ нахоҳанд гашт ва шеваи шомил шудан ба ЕврАзЭС ё Иттиҳоди гумрукӣ дар ин ҷо ба кор нахоҳад омад. Ин коршинос Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро як сатҳи комилан дигари ҳамоиш мешуморад, ки тағйир қонунгузориҳои дохилӣ, “пухтагии иқтисодӣ ва омодагии сиёсиро тақозо хоҳад кард.” Сарони Русия борҳо гуфтаанд, ба ғайр аз Русия, Беларус ва Қазоқистон ду кишвари дигар Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шомил шаванд.