Раҳпаймоӣ дар Оқтоу: "Ба сӯи мардум тир наандозед"

Дар шаҳри Оқтоу дар ҷанубу ғарби Қазоқистон имрӯз (19 декабр) ҳудуди 2 ҳазор раҳпаймоӣ карда ва хостори берун кашидани нерӯҳои махсус аз шаҳри ноороми Жанаозен шуданд.
Дар ин шаҳр рӯзи ҷумъа дар бархӯрди нерӯҳои пулис бо тазоҳургарон камаш 14 нафар кушта ва ҳудуди 80 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Рӯзе баъд дар рустои наздик ба он шаҳр як нафарро куштанд.

Тазоҳургарон дар шаҳри Оқтоу маркази вилояти Мангистау хостанд, вазъи фавқулода дар Жанаозен лағв шавад ва пулис барои таъмини низому тартибот аз силоҳ истифода накунад.

Айни замон Йержан Қозихонов, вазири умури дохилии Қазоқистон гуфт, вазъ дар Жанаозен ба ҳолати оддӣ баргаштааст: "То имрӯз вазъ комилан ором шуда ва ҳеҷ гуна иғвои нав низ дида нашуд." Кормандони ширкатҳои нафтӣ дар Жанаозен аз моҳи май ба ин сӯ бо талаби музди кору шароити беҳтар тазоҳурот мекарданд, аммо мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ошӯбҳо ба баҳсҳои коргарон иртибот надорад.

ТАЗОҲУРОТ ДАР ШЕПТА

Рӯзи шанбе (17 декабр) кормандони пулис тазоҳуроти сокинони шаҳраки Шептаи вилояти Мангистауро саркӯб карданд, ки дар натиҷа як нафар кушта ва 11 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Рӯзи 17 декабр гурӯҳи бузурги сокинони Жанаозен роҳи қаторҳои мусофирбар ва боркашро бастанд. Ба иттилои додситонӣ, тазоҳургарон як тепловозро оташ зада, ба қаторҳои боркаш шишаҳо бо маводи сӯзанда андохтанд. Кормандони пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон сӯи онҳо оташ кушоданд.

Ин дар ҳолест, Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, дар нишасти Шӯрои амнияти кишвар изҳор намуд, ки ҳама муҷримони бенизомиҳо дар шаҳри Жанаозен муҷозот хоҳанд шуд. “Мо инро фаромӯш намекунем. Гурӯҳи вижа таҳти раҳбарии Додситонии кул ташкил шудааст, ки ҳаводисро мӯшикофона таҳқиқ мекунад ва ҳуввияти афроди қонуншиканро мушаххас месозад. Гурӯҳ ошкор ва ба таври ҳамешагӣ фаъолият мекунад ва дар сурати зарурат барои ҳамкорӣ мутахассисони хориҷиро ҷалб хоҳад кард”,-гуфт раисиҷумҳури Қазоқистон.

ВАЗЪИ ФАВҚУЛОДА. 20 РӮЗ

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон

Аз ин пеш, Нурсултон Назарбоев дар бораи ҷорӣ кардани вазъи фавқулода дар ин шаҳр амр содир намуд. Бар пояи ин амр, ҳама гуна ҷамъомаду гирдиҳамоиҳо дар Жанаозен манъ ва ҳаракати нақлиёт дар шаҳр масдуд карда мешавад. Дар даромадгоҳҳои шаҳр постгоҳҳои низомӣ ташкил карда шудаанд.

Дар Жанаозен, шаҳри воқеъ дар ҷанубу ғарби Қазоқистон, рӯзи ҷумъа (16 декабр) миёни кормандони ширкати нафт ва пулису хадамоти амниятӣ бархӯрд ба вуқӯъ пайваст. Он вақт Нурдавлат Суиндиқов, намояндаи Додситонии кулли Қазоқистон гуфта буд, ки дар ин ҳодиса 11 нафар ба ҳалокат расида, 86 нафар, аз ҷумла, 6 корманди пулис маҷрӯҳ шудаанд. Аммо шабакаҳои иҷтимоии интернет навиштаанд, ки теъдоди қурбониён назар ба арқоми расмӣ хеле бештар аст. Бархе аз торнамоҳо дар бораи садҳо куштаву маҷрӯҳ дар Жанаозен хабар доданд. Рӯзи ҷумъа ҳамчунин бинои ҳукумати шаҳр, меҳмонсаро, идораи ширкати "Озенмунайгаз" ва чандин мошин ба коми оташ рафтанд.

"НАТИҶАИ БЕТАФОВУТИИ МАҚОМОТ"

Вале дар мавриди аз сӯи кӣ ва кадом гурӯҳ ташкил шудани тазоҳурот ё бенизомиҳо дар Жанаозен назари воҳид мавҷуд нест. Рӯзи шанбе Холмуҳаммад Қосимов, вазири умури дохилии Қазоқистон, дар ташкили беназмиҳо коргарони бар асари коршиканӣ ихроҷшудаи ширкати нафти "Озенмунайгаз"-ро айбдор кард.

Имрӯз (18 декабр) Додситонии кулли Қазоқистон изҳор намуд, ки бетартибиҳо дар Жанаозен аз сӯи тақрибан 70 нафари ҷиноятпеша созмон дода шудааст. Ҳамчунин, ба иддаои додситонӣ, издиҳом ба кормандони пулис ҳамла карда, сӯи онҳо оташ кушод ва кормандони пулис маҷбур шуданд, ки оташи ҷавобӣ кушоянд.

Бештари коршиносони қазоқ мегӯянд, ки ҳодисаи ахир - паёмади бетафовутии мақомот ба коршиканӣ ва эътирозҳои кормандони ширкати нафт аст, ки чанд моҳ идома дорад. Ба гуфтаи онҳо, тоқати эътирозгарон тоқ шуд ва онҳо тасмим гирифтанд, ки аз баргузории тантанаҳо ба шарафи рӯзи истиқлол ҷилавгирӣ кунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Алматӣ: Боздошти эътирозгарон


"ҲОДИСАИ ТАРҲРЕЗИШУДА"

Бархеи дигар мутмаинанд, ки бенизомиҳо бар асари дасисаи афроди ношинос сар зада ва кормандони ширкати нафт ба он баъдан ҳамроҳ шудаанд. Булат Обилов, ҳамраиси ҳизби сотсиал-демократии Қазоқистон мегӯяд, “бидуни шубҳа ин ҳодиса пешакӣ тарҳрезӣ шуда буд, вагарна дар тайи ҳамагӣ ним соат ба оташ кашидани чанд бино ғайриимкон аст.”

Ҳамзамон, ба гуфтаи сиёсатмадорон ва коршиносони қазоқ, бояд мушаххас кард, ки амри сӯи мардум оташ кушоданро кӣ содир кардааст. Роза Оқилбекова, кафили раиси Бюрои ҳуқуқи башари Қазоқистон мегӯяд, амрро, албатта, мақомоти болоӣ додаанд. Аммо мегӯяд ӯ, барои мушаххас кардани ин ва пайдо кардани посух ба суолҳои зиёд бояд дарвозаҳои шаҳри Жанаозен боз бошанд: "муҳимтар аз ҳама боз кардани шаҳр ва боз кардани он ба рӯи хабарнигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар аст, то онҳо мутмаин шаванд, ки ин ҳодиса ҳамин гуна сурат гирифтааст ва одамон натавонистанд худро идора кунанд. Аз сӯи кормандони пулис тирпаронӣ шуд ва аммо онҳо ҳам одаманд, ва вақте, ки ба онҳо хатар таҳдид кард шояд хостанд аз худ дифоъ намоянд."