Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев дар Жанаозен вазъи фавқулодда эълон кард


Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, дар шаҳри Жанаозен барои 20 рӯз вазъи фавқулодда эълон кард.

Бар пояи иттилои ахир, бар асари бенизомиҳо дар ин шаҳр 11 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 80 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар шабакаҳои иҷтимоии интернет гуфта шудааст, ки теъдоди қурбониён бештар аст. Рӯзи ҷумъа бинои ҳукумати шаҳр, меҳмонсаро, идораи ширкати "Озенмунайгаз" ва чандин мошин сӯзонда шуданд.

Холмуҳаммад Қосимов, вазири умури дохилии Қазоқистон, гуфт, ки бенизомиҳоро дар Жанаозен кормандони бар асари коршиканӣ ихроҷшудаи ширкати нафти "Озенмунайгаз" ташкил кардаанд. Хабаргузории Интерфакс аз қавли вазир навиштааст, ки тазоҳурот саркӯб шуда, вазъ дар шаҳр ба эътидол омадааст ва дар майдон касе нест.

Баъд аз шурӯи бенизомиҳо ба шаҳр теъдоди зиёди кормандони полис ва зиреҳпӯшҳо фиристода шуд. Полис аз силоҳ ва гази ашковар истифода бурд. 70 нафар бо гумони даст доштан дар ин ҳаводис боздошт шуданд.

Имрӯз мухолифини Қазоқистон талаб карданд, ки барои тафтиши пурра ва воқеъбинонаи ҳаводиси шаҳри жанаозен комиссиюни махсус ташкил шавад. Онҳо ҳамчунин хостори қатъи муҳосираи иттилоии ҳаводиси Жанаозен ва эҳёи фаъолияти сомонаҳои интернетӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG