Хуруҷи охирин низомиёни ИМА аз Ироқ

Охирин корвони мошину зиреҳпӯшҳои амрикоӣ субҳи рӯзи якшанбе аз марзи Ироқу Кувайт убур кард.

Баъд аз хуруҷи имрӯзаи тақрибан 500 низомӣ ва ҳудуди 110 мошину тонку зиреҳпӯшҳо раванди тарки Ироқ аз сӯи нерӯҳои амрикоӣ ба поён ёфт. Акнун дар ин кишвар 157 низомии амрикоӣ барои тамрини афсарону сарбозони ироқӣ ва гурӯҳи хурди нерӯҳои зудамал барои таъмини амнияти сафорати Иёлоти Муттаҳида боқӣ хоҳанд монд.

Дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Ироқ, ки тақрибан нӯҳ сол идома кард, чаҳору ним ҳазор низомиёни амрикоӣ кушта ва ҳудуди 32 ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин муддат дар задухӯрду ҳамлаҳои интиҳорӣ беш аз сад ҳазор сокинони Ироқ ба ҳалокат расиданд.