Паёми порламони Тоҷикистон ба порламони Узбакистон

Рӯзи ҷумъа Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ба Олий Мажлиси Узбакистон паёме ба тасвиб расонд. Дар паём омадааст, тақрибан як моҳ аст, вилояти Хатлон ва вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар ҳолати муҳосира қарор доранд. Интиқоли маводи ғизоиву башарӣ ба ин манотиқ нигарониҳо ба бор овардааст. Гузашта аз ин, бастани роҳи оҳан ба ҷануби Тоҷикистон барои таъмини аҳолии шимоли Афғонистон ва интиқоли мавод ба нируҳои НАТО дар Афғонистон мушкил пеш овардааст. Дар паём омадааст, ширкатҳои хориҷӣ, ки дар Бадахшону Хатлон фаъолият мекунанд, зарар мебинанд. Ҳоло дар қаламрави Узбакистон 320 вагон молу колои Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад. 16 ноябр дар километри 30 роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг дар натиҷаи инфиҷор пули роҳи оҳан хароб шуд. Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аз намояндагони мардумии Узбакистон дархост кардаанд, ки бо назардошти дӯстӣ ва муносиботи ҳасанаи таърихии мардумони ду кишвар дар рафъи ин мушкили пешомада кӯмак кунанд.