Дар ҷануби Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз сирояти бемории сил ба гурӯҳе аз муҳассилин иҷоза додаанд, дар хона таҳсил кунанд. Идораи маорифи ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, сил ба 20 нафар аз муҳассилини мактаби таҳсилоти ҳамагонии деҳаи Қарағоч сироят кардааст ва ин тадбир ба хотири эмин нигаҳ доштани дигар ҳамсабақо аз беморӣ андешида шуд. Алишер Мусоев, мудири идораи маорифи ноҳия мегӯяд:"Хонандагоне, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, аз тарафи омӯзгорон дар хонаҳояшон дарсҳои иловагӣ мегиранд, ба хотири онки ин беморӣ зиёд нашавад." Дар рустои Қарағоч дар ноҳияи ҷанубии Ҳамадонӣ, 600 хонавода зиндагӣ мекунанд ва аксарияти ин мардум гирифтори бемории сил будаанд. Танҳо дар як соли ахир бемории сил ҷони 12 нафар, аз ҷумла ду муҳассили мактаби Қарағочро гирифтааст.