Нигаронии Ромпей аз тақаллуб дар интихоботи Русия

Ҳерамн ван Ромпей, Дмитрий Медведев ва Жозе Мануэл Баррозу

Иттиҳодияи Аврупо аз хабарҳои тақаллубу қонуншиканиҳо дар интихоботи ахири парлумонии Русия нигарон аст.

Ҳерман ван Ромпей, раиси Иттиҳодияи Аврупо, дар нишасти хабарӣ ба думболи нишасти сарони Иттиҳодия ва Русия дар Брюссел, ҳамчунин аз сарнавишти ширкаткунандагони боздоштшудаи намоишҳои эътирозӣ изҳори ташвиш кард.

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, дар навбати худ, гуфт, ки кишвараш барои сармоягузорӣ дар рафъи бӯҳрони қарзи “минтақаи евро” омода аст ва аммо аз ягон рақами мушаххас ном набурд. Ва аммо дар долонҳои нишаст ёвари раисиҷумҳур дар умури иқтисод Аркадий Дворкович тайид намуд, ки Маскав дар ваъдааш барои ҷудо кардани дасти кам 10 миллиард доллар аз тариқи Сандуқи байнулмилалии пул устувор аст.