Ҳиндиҳо аз шароби тақаллубӣ ба ҳалокат расиданд

Дар шарқи Ҳиндустон теъдоди қурбониён аз истеъмоли машруботи тақаллубӣ аз марзи сад нафар убур кард.

Фоҷиа дар яке аз шаҳракҳои аёлати Банғолияи ғарбӣ рӯй дод. Бештари қурбониён машруботро аз як тоҷир дар истгоҳи роҳи оҳан харидорӣ кардаанд. Бо иттиҳоми тавлиди махфии шароб чаҳор нафар боздошт шудаанд.

Мақомоти интизомии Ҳиндустон мегӯянд, ки соли гузашта бар асари истеъмоли шароби бесифат беш аз 1200 сокини кишвар ба ҳалокат расиданд.