ИМА равандҳои баъд аз интихоботи парлумонӣ дар Русия шурӯъшударо чун “бедории миллӣ” арзёбӣ мекунанд.
Ии изҳороти вазорати умури хориҷии Амрико дирӯз нашр шуд. Авзоъ дар Русия дар меҳвари баррасиҳо дар Сенати Амрико ҳам қарор дошт.
Сенаторҳо аз тақаллуби мақомоти Русия, ки ба натоиҷи интихобот таъсир гузоштааст, ҳарф заданд. Узви Сенат аз ҳизби демократ Ҷин Шоҳин, аз ҷумла, гуфт, ки "моҳи равон аҳли олам 20 солагии суқути Иттиҳоди шӯравиро таҷлил мекунад. Раҳбарияи Русия тасмим гирифт, ки ин санаро бо тақаллуб дар интихобот ва тағйироти тарҳрезишудаи сиёсӣ дар сатҳи боло қайд кунад".
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, ахиран дар посух ба иттиҳоми Владимир Путин гуфт, ки Вошингтон ба ташкили намоишҳои эътирозӣ алайҳи қонуншиканиҳо дар интихобот ҳеҷ рабте надорад.