Леон Панетта, вазири дифои ИМА, имрӯз вориди Бағдод шуд. Қарор аст, ки ӯ дар маросими расмиии хуруҷи пурраи низомиёни амрикоӣ аз Ироқ ширкат куанд.
Имрӯз дар маросими вижа дар Бағдод парчами Амрико пойин карда мешавад ва ин баёнгари хатми амалиёти низомии нӯҳсола дар Ироқ хоҳад буд. Бештари низомиёни амрикоӣ ба ватан интиқол ёфтанд ва назорати таъмини амният ба нерӯҳои ироқӣ вогузор шудааст.
Баъд аз вуруди нерӯҳои амрикоӣ ба Ироқ дар соли 2003 дар амалиёти низомӣ дар ин кишвар беш аз яку ним миллион афсарону сарбозони амрикоӣ ширкат доштанд. ИМА барои ин ҷанг як триллион доллар сарф кард. Дар ҷараёни амалиёти низомӣ беш аз сад ҳазор ироқиҳо кушта шуданд.
Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА гуфт, ки низомиёни кишвараш Ироқи мустақилу боэътидолро тарк мекунанд. Дар Ироқ фақат тақрибан 200 мушовири низомии амрикоӣ боқӣ хоҳад монд.