Путин ба суолҳо оид ба намоишҳои эътирозӣ посух дод

Сӯҳбати мустақими телевизионии нахуствазири Русия Владимир Путин аз суолҳо дар бораи мухолифин ва намоишҳои эътирозӣ алайҳи тақаллуб дар интихобот ба Думаи давлатӣ шурӯъ шуд.

Путин изҳор намуд, ки ҳадафи аслии интиқоди мухолифин на интихоботи парлумонӣ, балки интихоботи раёсатҷумҳурист. Натоиҷи эълоншудаи интихобот ба Думаи давлатӣ, аз ҷумла, раъйҳои гирифтаи ҳизби “Русияи воҳид”, ба гуфтаи назуствазири Русия, баёнгари тавозуни нерӯҳои сиёсӣ дар кишвар аст.

Дар робита ба интиқоди мухолифин аз интихоботи Думаи давлатӣ Путин гуфт, ки "мухолифин ҳамеша ба ғайриодилона будани интихобот ишора мекунанд ва ин дар ҳама ҷо, дар ҳама кишварҳо рӯй медиҳад. Масъала фақат он аст, ки ин ишора чӣ гуна баён мешавад ва ин мавзӯъи фарҳанги сиёсист".

Владимир Путин ба суолҳои одамони дар студияи телевизион ҷамъомада ва аз тариқи маркази хабариву момонаи интернетии барномаи телевизионӣ воридшуда посух мегӯяд.