Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар як маросиме гурӯҳе аз сарбозони бозгашта аз Ироқро хушомадед гуфт ва аз хотимаи ҷанги 9-солаи Амрико дар он кишвар эълом дод. Барак Обама дар як пойгоҳи низомӣ дар ҳузури сарбозон дар аёлати Каролинаи Шимолӣ гуфт, “имрӯз лаҳзаи таърихӣ дар зиндагии Амрикову артиши он аст”:" Ба ҳайси фармондеҳи кулли шумо ва аз тарафи миллати сипосгузор, ифтихор дорам, ки дар ниҳоят ин ду калимаро мегӯям, ки хонаводаҳои шумо ҳам ба он мувофиқанд: Хуш омадед.” Барак Обама гуфт, ҳазинаи ҷанг дар Ироқ бештар аз 1 триллион доллар хоҳад буд. Барак Обама аз аввал мухолифи ҷанг дар Ироқ буд, ки дар ҷараёни он бештар аз 4 500 сарбози амрикоӣ кушта шудаанд.