Талотуми нав дар бозорҳои ҷаҳонӣ аз тарси бӯҳрон

Бими амиқрафти бӯҳрони қарзӣ дар ҳавзаи евро, боиси коҳиши қимати нафту тилло ва саҳҳом дар бозорҳои ҷаҳонӣ шуд. Рӯзи чаҳоршанбе, арзиши евро дар муқобили доллар ба ҳадде коҳиш ёфт, ки тайи тақрибан 10 моҳ мушоҳида нашудааст. Дар он рӯз ҳар евро ба 1 доллару 30 сент доду ситад шуд. Арзиши саҳҳом дар бозорҳои бурси Амрико, Олмон ва Фаронса поин омад. Тилло ҳам дар бозорҳои Амрико бо қимати поёни 1600 доллар барои як унсия фурӯхта шуд ва нархи нафт ҳам 5 дар сад коҳиш ёфт ва ҳар як бушкаи он ба 95 доллар муомила шуд. Сармоягузорон аз он ҳарос доранд, ки тавофуқи раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар ҳафтаи гузашта барои монеъ шудан ба густариши бӯҳрони қарзӣ дар ҳавзаи евро натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод.