Душанбе истирдоди ду қирғизро таъйид кард

Мақомоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон истирдоди ду шаҳрванди қирғизи муттаҳам дар қатли раҳбари собиқи дастгоҳи раёсатҷумҳурии Қурмонбек Боқиевро таъйид карданд. Сухангӯи ин вазорат Нусраттулоҳ Саидов гуфт, Қодирбек Досонов, мулаққаб ба «Ҷенго», ва Сиддиқ Борбуевро дирӯз ба Бишкек фиристодаанд. Ин дар ҳолест, матбуоти Қирғизистон қаблан дар бораи истирдоди 3 муттаҳам аз Душанбе хабар дод. Нафари севвумро ин расонаҳо Чингиз Ҷумъагулов, мулаққаб ба «Верзила» ном мебаранд. Ин сегона, ки ба бовари мақомоти қирғиз, дар қатли Мадад Содирқулов дар моҳи марти соли 2009 даст дорад, ҳанӯз рӯзи 14 сентябр дар Душанбе бо дархости Қирғизистон боздошт шуд.