Имзои қарордод байни Тоҷикистону Амрико

Сафири Амрико дар Душанбе Кен Гросс ва вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ ба созишномаи мубориза бо тиҷорати ғайриқонунии маводи радиоактивиро имзо карданд. Ин қарордод тақвияти тавоноиҳои Тоҷикистон дар амри ҷилавгирӣ аз қочоқи чунин мавод ба хориҷи ин кишварро ба ҳадаф дорад. Дар даврони Шӯравӣ дар шимоли Тоҷикистон уран истихроҷ мешуд. Ин конҳо баъдан баста шуданд. Тоҷикистон 12-умин кишварест, ки бо Амрико барномаи муборизаи муштарак бо қочоқи маводи радиоактивиро имзо кард.