Сафари серӯзаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Олмон оғоз ёфт. Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Берлин бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раиси он ҷумҳурӣ Кристиан Волф мулоқот кунад. Дар ҷараёни ин сафар имзои чанд қарордод байни ду кишвар дар назар дошта шудааст. Сафорати Тоҷикистон дар Олмон мегӯяд, шоми сешанбе Эмомалӣ Раҳмон дар Берлин бо ҳамватанон мулоқот хоҳад кард. Дар Олмон садҳо тоҷик ва то 40 000 олмонитаборҳои зодаи Тоҷикистон ба сар мебаранд.