Ташхиси генетикии ҷасади сарбурида ва сӯхтае, ки моҳи гузашта дар канори як рустои вилояти Ленингради Русия кашф шуд, маълум кардааст, ки ӯ шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон Бахтиёр Расулов аст. Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба «Азия Плюс» гуфтаанд, ки ҷасади Бахтиёр Расулов дар рӯзҳои наздик ба зодгоҳаш – рустои Партизани ноҳияи Шаҳритӯс фиристода хоҳад шуд. Қатли ваҳшиёнаи ин муҳоҷири тоҷик вокунишҳои тундеро дар Тоҷикистон барангехт ва Маҷлиси намояндагон – маҷлиси поёнии парлумони ин кишвар ба хотири таҳқиқи қазия намояндааш Муҳаммадалӣ Ватановро ба Русия эъзом кард. Қарор аст, рӯзи ҷумъа парлумон дар иҷлоси навбатиаш зимни натиҷагирӣ аз сафари Ватанов дигарбора ба ин қазия баргардад.