Оғози боздиди серӯзаи Эмомалӣ Раҳмон аз Олмон

Боздиди расмии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Олмон имрӯз шурӯъ мешавад. Интизор меравад, дар ҷараёни сафараш Эмомалӣ Раҳмон бо Ангела Меркел, садри аъзам ва Кристиан Вулф, раиси ҷумҳури Олмон дидору гуфтугӯ кунад. Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Берлин ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин сафар қарордодҳое низ имзо хоҳанд шуд: Як қатор қарордодҳое ба имзо мерасанд, сирф иқтисодӣ мебошанд, барои ҷалби сармоя ба Тоҷикистон. Як қарордод дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика имзо мешавад ва дар дар соҳаи тандурустӣ ҳам." Олмон аз соли 2002 то кунун дар Тоҷикистон бештар аз 120 миллион евро сармоягузорӣ кардааст.