Ҳукумати Амрико аз ваъдаи Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия истиқбол кард, ки хостааст, иддаъоҳои тақаллубкорӣ дар интихоботи порлумонии гузашта таҳқиқ шавад. Аммо Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, иҷрои ваъда ба шеваи таҳқиқи иддаъоҳо ва рафъи камбудиҳо вобаста аст. Хонум Клинтон гуфт, Иёлоти Муттаҳида хушнуд аст, ки тазоҳуроти саросарии мардуми норозӣ аз интихобот дар Русия ором сурат гирифт. Ҳилларӣ Клинтон дар ин бора дар як нишасти муштараки хабарӣ бо ҳамтои бритониёии худ Вилям Ҳейг сӯҳбат кард, ки ба гуфтаи вай, ба амалкарди Русия бояд баъди натиҷаҳои таҳқиқ баҳо дод.