Ҳамкориҳои кишоварзии Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд

Ҷониби Тоҷикистон ба Эрон пешниҳод кардааст, ки ҳар ду кишвар дар бахшҳои боғдориву рустанипарварӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ва коркарди мева дар вилояти Хатлон ва водии Рашт ҳамкорӣ кунанд. Ин масъала дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Қосим Қосимов-вазири кишоварзии Тоҷикистон ва Алӣ Асғар Шеърдӯст-сафири Эрон дар Тоҷикистон баррасӣ шуд. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар бахши кишоварзӣ тибқи ёддошти тафоҳуми ҷонибҳо сурат мегирад. Ин ёддошт соли 2002 ба имзо расида буд.