Таркише дар масҷиди вилояти Кунар кори дасти Толибон аст

Полиси Афғонистон мегӯяд, ки бар асари таркиши як маргталаб дар беруни масҷиде дар вилояти Кунари Афғонистон дасти кам чаҳор нафар кушта шуданд. Таркиш ҳангоми берун шудани намозгузорон аз сохтмони масҷиди Қозибод баъди адои намози ҷумъа рух дод. Масъулияти ҳамларо Толибон ба дӯш гирифтанд. Мақомот гуфтанд, ки эҳтимолан ҳадафи онҳо раиси полиси маҳаллӣ буд, ки исмаш дар миёни қурбониҳо таркиш зикр мешавад.