Созмони гузоришгарони бидуни марз, мақарраш дар Париж мегӯяд, ки хабари аз пардохти ҷубронпулӣ озод шудани журналист Маҳмадюсуф Исмоилов оҳи сабук кашида, умедвор аст, ки ин хабарнигор комилан сафед хоҳад шуд. Аз рӯи қонуни афви ахир хабарнигори мунаққиди ҳукумати ноҳияи Ашт, ки қариб як сол дар боздоштгоҳи муваққат ба сар бурдааст, бо қарори додгоҳи зинаи болоӣ аз пардохти 35 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ озод шуда, ҳамчунин ҳақи идома фаъолиятҳои касбии журналистии худро дубора ба даст овард.