Баҳси ҳиҷоб ба додгоҳи низ Қазоқистон рафт

Ҳашт донишҷӯдухтари қазоқ мудирияти Донишгоҳи Оқтеппаро барои он ба додгоҳ мекашанд, ки ширкати онҳоро дар дарсҳо барои ҳиҷобашон манъ кардааст. Намояндаи донишгоҳ мегӯяд, духтаронро ба синфхонаҳо роҳ надод, зеро дастури раҳбарони худро иҷро мекард, ки гуфтаанд, духтарон набояд бо ҳиҷоб ба донишгоҳ оянд. Мақомоти давлатии Қазоқистон гуфтаанд, манъи таҳсили духтарони ҳиҷобӣ кори дохилии донишгоҳ аст. Талоши донишҷӯдухтари тоҷик, ки чанд сол пеш бо айни далел Вазорати маорифро ба додгоҳ кашид, бенатиҷа поён ёфта буд.