Волии собиқи Иллинойс ба 14 соли зиндон маҳкум шуд

Волии собиқи аёлати Иллинойси Амрико демократ Род Благоевич барои даст доштан дар фасод ба 14 соли зиндон маҳкум шуд.

Моҳи июн ба раҳбари пешини Иллинойс аз рӯи 18 банди қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла, талоши фурӯхтани ҷой дар Сенати ИМА, ки қаблан онро Барак Обама ишғол мекард, айб эълон шуда буд.

Дар мурофиаи додгоҳӣ дар Чикаго Род Благоевич изҳор намуд, ки пушаймон аст ва амалкарди худро комилан иштибоҳӣ мехонад.

Благоевичи 54-сола аз соли 2002 то соли 2009 курсии волии Иллинойсро ишғол кардааст.