Шоми чаҳоршанбе дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург даҳҳо ширкаткунандагони намоишҳои эътирозӣ алайҳи қонуншиканиҳо дар интихобот ба Думаи давлатӣ боздошт шуданд.
Дар Маскав, дар майдони Триумфалная, ки рӯзона намоиши эътирозӣ аз сӯи полис пароканда карда шуд, шомгоҳон даҳҳо ҷавонон ҷамъ омада зидди ҳукумат шиор заданд ва сипас сӯи майдони Пушкин раҳсипор шуданд ва аммо полис онҳоро боздошт кард.
Дар маркази Петербург ҳам тақрибан сад нафар дастгир ва ба шӯъбаҳои полис интиқол дода шуданд.
Дар ҳамин ҳол афроди норозӣ аз натоиҷи интихобот ба Думаи давлатӣ дар шабакаҳои иҷтимоии интернет мавзӯъи баргузории намоиши густурдаи эътирозӣ дар сартосари Русияро баррасӣ мекунанд. Аз ҷумла, дасти кам 19 ҳазор корбарони шабакаи Фейсбук барои ширкат дар намоиши эътирозии рӯзи 10 декабр дар Маскав изҳори омодагӣ кардаанд.