Корбарони Интернет дар Эрон мегӯянд, мақомоти Эрон “сафорати маҷозӣ”-и Амрикоро масдуд кардаанд. Ин сомона, ки Вошингтон дирӯз бо забонҳои инглисиву форсӣ фаъол карда буд, ҳамагӣ як муддати кӯтоҳе дастрас буда, имрӯз дастнорас шуд. Ҳадаф аз таъсиси ин сомона барои Амрико истиқрори равобит бо мардуми Эрон алорағми адами равобити расмӣ бо Ҷумҳурии исломист. Амрико ҳанӯз соли 1979, дар пайи дар бинои сафорати Амрико дар Теҳрон барои 444 рӯз гаравгон гирифтани 52 амрикоӣ аз сӯи донишҷӯён ва ҷангҷӯёни исломӣ сафораташ дар Эронро баст.