Русия нируҳои вазорати дохиларо ба шаҳри Маскав фиристодааст ва ва сатҳи омодабоши нируҳои амниятиро боло бурдааст. Ин дар ҳолест, ки дирӯз ҳазорон нафар дар шаҳри Маскав бар зидди натиҷаҳои интихобот тазоҳуроти эътирозӣ баргузор карданд ва гуфтанд, ки дар натиҷаҳои интихобот ба тақаллуб роҳ дода шудааст. Дар ин интихобот ҳизби ҳокими нахуствазир Владимир Путин пирӯз эълон шудааст. Путин мегӯяд, бо вуҷуди он, ки нисбат ба интихоботи пешин ҳизбаш шумораи камтари курсиҳоро ишғол хоҳад кард, аз натиҷаҳои ба дастовардаи он қаноатманд аст.