Созмони байнулмилалии Amnesty International ё Афви Байнулмилал хостори фавран озод кардани эътирозгарони дар Маскаву Санкт-Петербург боздоштшуда гардид.
Дар изҳороти Николя Дакуорт, раиси ин созмон дар умури Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ гуфта шудааст, ки "мақомоти Русия ҳуқуқи шаҳрвандон ва озодии сухану ҳамоишҳоиро поймол кардаанд".
Дирӯз кормандони полиси шаҳри Маскав беш аз сесад тан аз ширкаткунандагони намоиши эътирозӣ алайҳи тақаллуб дар интихобот ба Думаи давлатиро боздошт карданд. Миёни онҳо яке аз фаъолони мухолифин Иля Яшин ва блогнавис Алексей Навалний низ ҳастанд, ки ба иттилоъи дафтари матбуоти раёсати умури дохилии шаҳри Маскав, аз ҳозирон даъват кардаанд то ба кормандони полис итоат накунанд.
Ба навиштаи хабаргузории ИТАР-ТАСС, ҳамаи боздоштшудагон ба идораи полис интиқол дода шудаанд ва мавзӯъи муҷозоти маъмурии онҳо баррасӣ мешавад.
Хабарнигори Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки дар гирдиҳамоии ҷунбиши «Ҳамраъй» дар мавеъи Чистие пруди чандин ҳазор нафар ширкат ва алайҳи натоиҷи расмии интихобот ба Думаи давлатӣ ва тақаллубу қонуншиканӣ дар ин маъракаи сиёсӣ эътироз карданд.
Дар шаҳри Санкт-Петербург кормандони полис тақрибан 150 нафар аз ширкаткунандагони намоиши эътирозӣ алайҳи тақаллуб дар интихоботи парлумониро боздошт намуданд.