Сенат, палатаи болоии порлумони Ӯзбакистон имрӯз бо тасвиби қонуне, давраи ҳафтсолаи раёсати ҷумҳурро ба ду давраи панҷсола тағйир дод. Соли 2002 Ӯзбакистон дар як раъйпурсӣ, давраи раёсати ҷумҳуриро ҳафтсола карда буд. Аз соли 2007 то кунун Ислом Каримов як бор раиси ҷумҳур интихоб шудааст ва гуфта мешавад, ислоҳи Қонуни Асосӣ бо ташаббуси ӯ саъйе барои тамдиди аҳди раёсати ҷумҳуриаш дар Ӯзбакистон аст. Ислом Каримови 73-сола то кунун бо ислоҳи қонунҳои кишвараш се маротиба раиси ҷумҳури Ӯзбакистон шудааст.