Саркозӣ ва Меркел роҳҳои наҷоти евроро меҷӯянд

Имрӯз дар Порис раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел ба хотири таҳияи мавқеъи ягона оид ба таҳкими евро - пули ягонаи Аврупо ва ислоҳот дар Иттиҳодияи Аврупо мулоқот мекунанд. Мавзӯъи таҳкими евро дар меҳвари нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо қарор хоҳад дошт, ки рӯзи 9 декабр баргузор мешавад.

Фаронса ва Олмон мегӯянд, ки тағйирот ба созишҳои бунёдии Иттиҳодияи Аврупо барои наҷоти евро зарур аст, ки баъд аз бӯҳрон дар Юнон ва чанд кишвари дигар “минтақаи евро” ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ шудааст.

Охири ҳафтаи гузашта Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, изҳор намуд, ки бӯҳрони молиявии Аврупо роҳҳали осон надорад. Зимни суханронӣ дар Бундестаг, дар робита ба бӯҳрони қарз дар минтақаи евро, ӯ гуфт, ки раванди бурунрафт аз бӯҳрон чанд сол идома хоҳад ёфт.

Садри аъзами Олмон аз пешниҳоди раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ дар бораи вуруди тағйирот ба созишҳои бунёдии Иттиҳодияи Аврупо пуштибонӣ кард. Бо пазируфтани ин тағйирот ҳама кишварҳои минтақаи евро барои риояи ба истилоҳ «интизоми буҷавӣ» масъул хоҳад шуд.