Дар Душанбе борон, дар Тавилдара - барф

Марказҳои ҳавошиносӣ хабар медиҳанд, ки имрӯз осмони шаҳри Душанбе абриву боронӣ хоҳад буд ва то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳам борон меборад ва 2 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳаво абриву боронист, ҳарорати ҳаво то 4дараҷа болои сифр қарор мегирад.

Ҳавои шаҳри Хоруғ абрӣ шуда, барф меборад. Ҳарорат то як дараҷа сард хоҳад шуд.

Дар аксар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ барф меборад, дар баъзе мавзеъҳо, аз ҷумла, дар Тавилдара то 8 дараҷа сард мешавад.