"Русия воҳид" беш аз нисфи раъйҳоро соҳиб шудааст

Дар интихобот ба Думаи давлатии Русия, ба иттилои Комиссиюни марказии интихобот, ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” беш аз 50 дар сади раъҳоро соҳиб шудааст. То ин лаҳза 75 дар сади баргаҳои раъйдиҳӣ баршумурда шудаанд. Ҳизби коммунисти Русия тақрибан 20 дар сад, “Русия боадолат” 13 дар сад ва ҳизби либерал-демократӣ 12 дар сади овозҳоро ба даст овардаанд.

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, дар робита ба пирӯзии “Русияи воҳид” гуфт, ки ин "ҳизб аслан аз 50 дар сади аҳолии мо намояндагӣ мекунад, натиҷаҳои ниҳоӣ боз муайян хоҳанд шуд, ва ин, бигузор чизе мехоҳанд бигӯянд, натиҷаи демократияи воқеъӣ, демократияи воқеъии дар амал аст".

Дмитрий Медведев, ки дар садри рӯйхати “Русия воҳид” қарор дорад, ба зарурати таъсиси эътилоф бо дигар аҳзоб таъкид кард. Ва аммо ҳизби комунисти Русия эълом дошт, ки бо “Русия воҳид” эътилоф нахоҳад кард.

Ду ҳизби боқимондаи парлумонӣ ҳамкорӣ бо ҳизби ҳокимро байид намедонанд.

Раиси ҳизби “Яблоко” Григорий Явлинский аз қонуншиканиҳо дар интихобот шикоят кард ва ҳадс зад, ки шояд ҳамин рӯз ҷонибдоронаш ба нишони эътироз ба хиёбонҳо бирезанд. Бархе аз нозирони байнулмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия интихоботро ғайридемократӣ ва ғайриодилона номиданд.

Раиси Комиссиюни марказии интихоботии Русия Владимир Чуров изҳор намуд, ки натиҷаҳои ниҳоии интихобот охирҳои ҳафта эълон мешавад.