Нигаронии Амрико аз ҳукми созмони "Голос"

Кохи Сафед аз ҳукми додгоҳи Маскав дар қиболи як гурӯҳи мустақили нозири интихоботи Русия изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки ин ҳукм зоҳиран “ намунаи табъиз” аст. Созмони “Голос”, ки аз Ғарб таъмини молӣ мешуд, то кунун алакай наздики 5000 мавориди эҳтимолии нақзи қонун дар корзори интихоботи рӯзи 4 декабри вакилони Думаи давлатиро нашр кардааст. Аммо додгоҳ рӯзи 2 декабр ин созмонро бо ҷурми нақзи қонун 30 000 рубл, муодили тақрибан 1 000 доллар, ҷарима баст. Раҳбари “Голос” Лиля Шибанова шоми ҷумъа дар фурудгоҳи Шереметево ба далели ба мақомот надодани компутари дастиаш барои 12 соат боздошт низ шудааст.