Имрӯз охирин рӯзи маъракаи тарғибу ташвиқ дар интихобот ба Думаи давлатии Русия аст.
Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, рӯзи ҷумъа дар як паём ба мардум аз онҳо даъаат кард, ки рӯзи 4 декабр пойи қуттиҳои раъйдиҳӣ биёянд ва дар интихобот – «яке аз зуҳуроти олии демократия» ширкат кунанд.
Бори аввал дар таърихи муосири Русия дар интихоботи парлумонӣ ҳамаи ҳафт ҳизби расман сабтиномшуда ширкат мекунанд. Барои мандатҳо дар баробари чаҳор ҳизби парлумонӣ – «Русияи воҳид», Ҳизби коммунист, Ҳизби либерал-демокртӣ ва «Русияи одил» ҳамчунин ҳизбҳои «Яблоко», «Кори ҳақ» ва «Ватандӯстони Русия» мубориза хоҳанд бурд.
Барои назорати раванди интихобот ба Думаи давлатӣ 700 нозири хориҷӣ, аз ҷумла, 160 нозири Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, вориди Русия шудаанд. Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Галия Рабиева ба ҳайати нозирони Иттиҳоди кишварҳои ҳамсуд дар интихоботи парлумонии Русия шомил аст. Ҳамчунин узви Комиссииюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Олим Ёрматов ва мутахассиси аршади комиссиюн Парвина Расулова ба ҳайси нозирони байнулмилалӣ дар интихоботи Думаи давлатӣ номнавис шудаанд.