Transparency International ҳамкорӣ бо ФИФА-ро қатъ мекунад

Созмони байнулмилалии Transparency International ё Шаффофияти Байнулмилал ҳамкорӣ бо Федератсияи байнулмилалии футбол – ФИФА-ро қатъ мекунад.

Ба гуфтаи масъулини ин созмон, ФИФА тавсияҳои Шаффофияти Байнулмилал баъд аз чанд моҷарои марбут ба фасод дар футболи ҷаҳонро нодида гирифтааст. Аз ҷумла, ошкор шуд, ки ФИФА ба комиссиюни мустақил оид ба таҳияи тарҳи ислоҳот дар Федератсияи байнулмилалии футбол маблағ пардохт кардааст. Ин комиссиюн аз тафтиши сару садоҳо дар мавриди далелҳои қаблии фасод, аз ҷумла, ришват ба вакилони ҷаласаҳои интихоби раҳбарони ФИФА, сарпечӣ кардааст.