Хабаргузории “Интерфакс”-и Русия аз қавли як манбаи дипломатӣ дар Маскав иттилоъ додааст, ки Русия ба режими Сурия мушкаҳои шинокунандаи зидди киштӣ фиристодааст. Таъйид ё такзиби расмии ин хабар ба даст наомадааст. Дар гузориш аз номи ин сарчашма нақли қавл шудааст, ки Русия ба Сурия мушакҳои шинокунандаи зидди киштии навъи Яхонт додааст. Дар гузориш маълумот дода нашудааст, ки ин мушакҳо кай интиқол дода шудаанд ва шумораи онҳо чӣ қадр будааст. Вале гуфта мешавад, ки арзиши қарордоди мазкур ҳудуди 300 миллион долларро ташкил медиҳад. Бино ба ин хабар, Русия бовар дорад, ки Сурия аз тамоми ҳамлаҳои обӣ акнун метавонад соҳилҳои худро дифоъ кунад.