Хабаргузории давлатии Туннис иттилоъ додааст, ки Зайнулобиддин Бен Алӣ-раиси ҷумҳури пешини ин кишвар дар ғиёбаш ба 5 соли зиндон маҳкум шудааст. Додгоҳи низомии ин кишвар вайро барои шиканҷаи афсарони артиш гунаҳгор донист. Бен Алӣ то ҳол се дафъа аз сӯи додгоҳҳои ғайринизомӣ низ маҳкум шуда буд ва дар маҷмӯъ ҳукми зиндони вай тақрибан 60 солро дар бар мегирад. Баъд аз тазоҳуроти эътирозӣ ва шӯриши мардумӣ Бен Алӣ ба Арабистони Саудӣ фирор кард. Вайро барои содир кардани бештар аз 100 ҷурм муттаҳам медонанд.