Бино ба гузоришҳо, гурӯҳе аз донишҷӯёни тундрав бо зӯр вориди сафорати Бритониё дар Теҳрон шудаанд. Садҳо нафар аз ин донишҷӯён дар баробари бинои сафорат бо талаби ихроҷи сафири Бритониё аз Эрон тазоҳурот мекарданд. Рӯзи якшанбе порлумони Эрон бо судури қароре аз ҳукумат хост, равобити дуҷонибаро бо Бритониё коҳиш диҳад, зеро ин кишвар тамоми муомилоти молӣ бо бонкҳои Эронро бо назардошти эҳтимоли иртиботи онҳо ба барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон муттавақиф кард.