Дар шаҳри Қӯрғонтеппа Мирзоҷон Тойиров, як сокини 37-cолаи ин шаҳрро аз ҷумла бо гуноҳи паст задани шаъну эътибори раиси ҷумҳур ба 6 соли зиндон маҳкум кардаанд. Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, Мирзоҷон Тойиров, ки моҳи сентябр авф шуда буд, ахиран ба ҳамла ба корманди милиса, халалдор кардани вазъи амниятӣ ва паст задани шаъну эътибори мақомоти давлатӣ ва раиси ҷумҳур гунаҳкор дониста шудааст. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ӯ дар заминаи хусумати шахсӣ ба утоқи нозири минтақавии милиса ҳамла мекунад ва зимни саъйи маъмурони милиса барои боздошташ, таҳдид ба инфиҷори балони газ карда ва ҳамзамон бо садои баланд, мақомоти расмӣ ва аз ҷумла раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дашном медиҳад.