Назарбоев "Қаҳрамони Халқ"-и Қазоқистон хоҳад шуд

Ҳукумати Қазоқистон имрӯз пешниҳоди ба раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоев додани унвони “Қаҳрамони Халқ”-ро тасвиб кард, ки қарор аст, рӯзи 16 декабр дар 20 солгарди истиқлоли Қазоқистон ба ӯ дода шавад. Пешниҳоди мазкур аз сӯи Рашид Тусупбеков, вазири адлияи Қазоқистон ироа ва аз тарафи тамоми аъзои ҳукумат пазируфта шуд. Карим Масимов, нахуствазири Қазоқистон санадҳои лозим барои додани унвонро имзо карда ва гуфтааст, “муҳимтарин санаде ки то ҳол имзо кардааст, ҳамин буд.”