Интихоботи чандмарҳилаии Миср идома дорад

Дар Миср интихоботи порлумонӣ идома дорад, ки нахустин интихобот баъди суқути Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури пешин аст, ки моҳи феврал аз мақомаш истеъфо дод. Рӯзи душанбе дар рӯзи аввали интихоботи чандмарҳилаӣ, ки моҳи март хотима меёбад, мардуми 9 вилоят аз 27 вилояти Миср барои интихоби палатаи поёнии порлумон раъй доданд. Ду марҳилаи дигари раъйдиҳӣ барои интихоби палатаи болоии порлумон охири моҳи январ баргузор мешавад. Интизор меравад, ки Гурӯҳи исломии Ихвон-ул-муслимин, аксари орои мардумро ба даст орад. Бо вуҷуди тазоҳуроти хушунатомез дар остонаи интихобот рӯзи аввали раъйдиҳӣ ором буд. Дар тазоҳуроти густурда дар шаҳри Қоҳира бо талаби канорагирии низомиён аз қудрат, то кунун 40 нафар кушта шуданд. Порлумони нави Миср бояд пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳур тарҳи нави Қонуни Асосиро таҳия кунад ва баъдан моҳи июн интихоботи раёсати ҷумҳур баргузор шавад ва ҳукумат ба дасти он гузарад.