Рӯзи душанбе дар Исфаҳони Эрон садои инфиҷорро шунидаанд. Ғуломризо Ансорӣ-раиси дафтари адлияи устони Исфаҳон ба хабаргузории ISNA гуфтааст, ки зоҳиран ҳеҷ чизи ҷиддӣ рух надодааст. Вай гуфтааст, ки дар бораи сабабҳои ин инфиҷор аз мақомоти амниятӣ гузориш нарасидааст. Пештар хабаргузории Форс иттилоъ дода буд, ки дар Исфаҳон садои баланди инфиҷор шунида шудааст. Вале баъдтар ин хабаргузорӣ хабари худро дар ин бора аз сафҳаи интернетиаш худ пок кард.