Вазорати энернжии Қирғизистон эълон кард, ки маҳдудияти интиқоли нируи барқ ба аҳолӣ аз рӯзи душанбе оғоз шудааст. Вазорат дар эъломияи худ нагуфтааст, ки маҳдудияти таъмини нируи барқ чанд соатро дар бар хоҳад гирифт, вале ин маҳдудият танҳо дар қисмати шимолии кишвар ҷорӣ мешавад. Қирғизистон низ мисли Тоҷикистон мушкили камбуди нируи барқ дорад ва мухолифони давлати Қирғизистон дар гузашта дар робита бо чунин маҳдудиятҳо барномаҳои ҳукуматро ба боди интиқод гирифтаанд.