Дар шимоли Косово бар асари бархӯрд бо сербҳои маҳаллӣ ду низомии НАТО ҷароҳат бардоштанд. Бенизомиҳо баъди он шурӯъ шуданд, ки сарбозони нерӯҳои посдори сулҳи НАТО ба шикастани яке аз сангарҳои тобистони соли равон бунёдкардаи сербҳо дар марзи Косово ва Сербия шурӯъ карданд.
Дар изҳороти ҳайати фармондеҳии НАТО гуфта шудааст, ки сербҳо сӯи сарбозони Паймон оташ кушоданд, онҳо дар навбати худ барои парокандасозии издиҳом аз гази ашковар истифода намуданд.
Вазъ дар шимоли Косово баъд аз он ноором шуд, ки сербҳои маҳаллӣ ба кормандони полиси Косов барои ишғоли ду постгоҳ дар марз бо Сербия имкон надоданд. Сербҳо дар ин мавзеъ сангар бунёд кардаанд ва нерӯҳои ҳифзи тартиботи НАТО бояд ин сангарро аз байн бубаранд.
Сербҳо истиқлоли се сол пеш якҷониба эълонкардаи Косоворо эътироф накардаанд.