Обама бо раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо музокирот мекунад

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, имрӯз дар Вошингтон ҳайати раҳбарии Иттиҳодияи Аврупоро ба ҳузур мепазирад. Дар ин музокирот раиси Иттиҳодияи Аврупо Ҳерман ван Ромпей, раиси Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозу ва раиси бахши сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон ширкат хоҳанд дошт.

Мавзӯъи аслии гуфтушунид дар Кохи Сафед – бӯҳрони қарз дар кишварҳои "минтақаи евро" арзёбӣ шудааст. Аз ин пеш ҳукумати ИМА аз вокуниши кунди Брюссел ба мушкилоти иқтисодӣ интиқод кард. Дар посух мансабдорони аврупоӣ ба мушкилоти иқтисодии худи Амрико ишора намуданд.