Қарор аст, имрӯз натиҷаҳои даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Oсетияи Ҷанубӣ эълон шавад. Натиҷаҳои як назархоҳӣ нишон медиҳад, ки Анатолий Бибилов-номзади ҷонибдори Русия ва вазири умури изтирории ин ҷумҳурии ҷудоихоҳ аз Алла Ҷиоева-вазири собиқи маориф пешӣ гирифтааст. Шахси пирӯз ба ҷои Эдуард Кокойтӣ ба курсии раёсат хоҳад нишист. Кокойтӣ ду давра раёсати ҷумҳуриашро ба поён расонд.